НАЗАРЕ БА МАФҲУМИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”

2022-09-05

Дар замони муосир ҷаҳон аз ҳарвақта бештар ба “энергияи сабз” ниёз дорад, зеро пешгирӣ намудани хатари таҳдидҳои муҳити зист маҳз бо тавлиди ҳарчи зиёдтари ин намуди энергия алоқаманд дониста мешавад. Хушбахтона кишвари обшори тоҷикон дар раддабандии истеҳсоли “эенергияи сабз” дар байни шаш кишвари пешрафтаи сайёра қарор дошта, аз лиҳози экологӣ яке аз амнтарин мамлакатҳои олам маҳ суб меёбад. Ин далел, ки тибқи тадқиқоти пайвастаи мутахассисони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва энергетикӣ ба даст омадааст, шаҳодати ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 95 фисади энергияи истеҳсолиро ана ҳамин намуди энергия ташкил медиҳад ва бо як ҷаҳон тафохур метавон афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути истеҳсоли “энергияи сабз” ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва асосии Ҳукумати кишвар дониста шуда, барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна ба истифода дода шуда, барои расидан ба ҳадафи аслии Давлату Ҳукумати кишвар -истиқлолияти комили энергетикӣ боз бунёди чандин неругоҳҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудаанд.

Дар 31 соли замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика дар раванди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, маҳз тавассути истеҳсоли “энергияи сабз”, ки барои муҳити зист афзалиятдоштаву безарар арзёбӣ мегардад, бо маблағгузории миллиардҳо сомонӣ манбаъҳои энергияистеҳсолкунандаи хурду бузурги муҳимро мавриди истифода қарор диҳад. Дар ин васила ҳамзамон, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Раванди пешрафту тараққиёти ягон кишвари олам бе рушди бемайлони нерӯи барқ таъмин шуда наметавонад ва маҳз бо ин назардошт дар шароити Тоҷикистон дарёфти истиқлолияти энергетикӣ тавассути истеҳсоли “энергияи саб” ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бузуртарин ҳадафи стратегии давлат муайян гардидааст. Ноил гардидан ба ин ҳадаф дар доираи азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат нақшабандӣ гардид.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари бунёди неругоҳҳои барқии обӣ боз сохтмону барқарорсозии дигар нерӯгоҳҳои энергетикӣ амалӣ гардиданд, ки ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии зиёда аз 400 мегаватт/соат аз он ҷумла дониста мешавад. Раванди корбурди ин Марказ пеш аз ҳама барои пурра таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки дар василаи истеҳсоли ин намуди энергияи барқию гармидиҳӣ низ амнияти экологӣ хеле бо ҷиддият ба назар гирифта шудааст.

Дар доираи тавлиди “энергияи сабз” дар қатори нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ-обии “Норак”, “Сангтуда – 1”, “Сангтуда – 2”, “Бойғозӣ” ва чандин дигар нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун”, ки бузургтарин нерӯгоҳи аср дар минтақа дониста мешавад, нақши бориз бозида метавонад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор дошта буданд: "Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд".

Метавон хулоса намуд, ки “энергияи сабз” ва истеҳсоли ҳарчи бештару беҳтари он барои аз хатари экологӣ эмин мондани аҳолии курраи замин нақши босазо гузоша метавонад.

Бобозода Содиқҷон Аҳамад,

вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино,

раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикэнергоснаб”