НОДИРТАРИН ПАДИДАИ ҲАЁТИ ТОҶИКОН

2022-09-05

Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки 31 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.  Воқеан, вақте сухан дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон - Истиқлоли давлатӣ меравад, симои абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони асили даврони аср ва поягузори Истиқлоли давлатӣ пеши назар ҷилвагар мегардад. Тоҷикистон давоми 31 сол зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Талошу муборизаҳои Роҳбари давлат барои ҳифзу нигоҳдории якпорчагии миллат ва Истиқлоли давлатӣ буд, ки имрӯз натиҷаи ин талошу муборизаҳоро метавон дар сулҳу субот, оромии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум дид. Имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Акнун замони он расидаст, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд.

Ҳар фарди худогоҳ бояд аз бегонапарастиву ҷаҳолат канораҷӯй бошад ва ин неъмати бебаҳо - Истиқлоли марзу буми худро дӯст дорад, Ватанашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, муқаддасоти миллию давлатиро ҳифз намояд. Ин рисолати фарзандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Г.С. ЗИЁБИДИНОВА,

мудири шуъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт