ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲО - ЯКЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ ҲХДТ

2022-09-02

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони маҳаллаи «Бошқайнар»-и Ҷамоати деҳоти «Норин» роҳҳои дохили маҳалла дар масофаи зиёда аз 2 километр азнавсозӣ шуда, мумфарш гардиданд.

Аҳолии маҳалла имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд.

Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.