ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – АРЗИШМАНДТАРИН НЕЪМАТИ ТОҶИКИСТОН

2022-09-02

Истиқлол ҳаммаънои озодию ягонагӣ, худсолориву ба даст гирифтани сарнавишти худ мебошад. Он барои мо асоси давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагист.

Бо шарофати ин руйдоди бузурги таърихӣ, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конистутсия гашта, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи тоҷик, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, мо бояд дар атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Истиқлоли давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона муаррифӣ ва ҳифз намоем.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Бояд аз ин ифтихор намоему барои боз ҳам машҳуртар гардидани кишвар кӯшишу талош дошта бошем.

Хушбахтона, имрӯз мо дар остонаи таҷлили 31–умин солгарди Истиқлоли давлати соҳибихтиёри тоҷикон истодаем. Давлатсозиву давлатдорӣ кори як даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании онҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиро тақозо дорад.

Давраи навини давлатсозиву давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди мамлакат ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушодем.

Мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро анҷом дода, дар шоҳроҳи таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ роҳи дурусти бунёдгузории давлати миллии худро пайдо намуд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин падидаи муҳимро таъкид менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад:

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории давлат, миллат ва соҳибистиқлолиро ҳамеша бо чунин омили муҳим – халқ ва садоқати он пайваста донистааст, ки дар бунёди давлатдории миллӣ барои ҳар як қавму миллат нақши калидиро мебозад: “Садоқати мардуми Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ пойдевори давлати миллиро устувор намуд”.

Истиқлол ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои муаззами миллат имкон доданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик баъди садсолаҳо дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри нави ХХI аз нав соҳиби давлати миллии хеш гардад ва роҳи бунёди давлатдории миллиро пеш гирифта, дар зарфи 31 соли охир пояҳои мустаҳками онро побарҷо созад. Маҳз ҳамин Истиқлоли давлатӣ, ба қавли Сарвари ҷумҳурӣ, дар замони муосир “кишвари азизи моро ба марҳалаи нави рушд ворид намуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад”. Имрӯз вазифаи ҳар як намояндаи миллати мо ва ҳар як сокини Тоҷикистон аз он иборат аст, ки аз Истиқлоли давлатӣ ва аз сиёсати истиқлолхоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона пуштибонӣ намояд ва барои афзун сохтани дастовардҳои миллату давлат дар 31 соли Истиқлол кӯшиш ба харҷ дода, пояҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамонро барои садсолаҳо таҳким бахшад.

Ҳамин тариқ, арҷгузорӣ, ҳифз ва шинохти воқеии арзишмандтарин неъмат Истиқлоли давлатӣ, вазифа ва қарзи ҷонии тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ба ҳисоб рафта, ҳар як сокини ватандӯсти кишвари азизамон бояд саҳми воқеии худро дар рушди беҳдошти ватани куҳанбуёд гузорад.

Садирова Саломат

Корманди Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ