ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

2022-09-02

Ба таҷлили ҷашни 31 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои башумор мондааст.

Дар давоми беш аз се даҳсола, ки иборат аз марҳилаҳои гуногун буд, мо роҳи мураккаб ва душвору заҳматталабро ифтихормандона паси сар намудем.

Ба ҳамагон маълум аст, баробари ба даст овардани Истиқлол дар мамлакат ноамниву бесуботӣ ба миён омад. Дар натиҷаи муборизаҳои бехирадонаи сиёсӣ мамлакат ба вартаи ҷанги ҳамватанӣ кашида шуд. Ҳазорҳо шаҳрвандони кишвари мо бар асари ин ҷанги хонумонсуз ҷони худро бохтанд, гуруҳи зиёде гурезаву дар бадар гаштанд. Ҳодисоти хунин тамоми аҳолии мамлакатро сарфи назар аз минтақаву маҳал, мавқеъи иҷтимою сиёсӣ ва синну сол дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод. Бар асари ин воқеоти нангин мамлакат хароб, миллат афгор гардид.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ Тоҷикистон ба роҳбаре ниёз дошт, ки дер нашуда пеши роҳи ҷанги даҳшатвори шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз нобуди раҳоӣ бахшад.

Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан зимни баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки имсол аз баргузории он 30 сол сипари мешавад, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу ватан будааст. Аз рўзҳои нахустини роҳбари Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон тамоми кушишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохт, ва дар ин роҳи пуршараф ва аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳояш муваффақ низ шуд.

Бо вуҷуди ин, мушкилиҳои солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шароити мураккаби ҳарбию сиёсӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири созмон додан ва таҳким бахшидани сохторҳои идориву низомии давлат, дар амри қобили ҳаёт нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат чораҳои зарурӣ андешид. Ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ кунад.

Дар тӯли ин солҳо иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намудааст. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо инвеститсияҳои хориҷӣ бунёд гаштаанд ва иловатан даҳҳо ҳазор ҳамватанон бо кор таъмин шудаанд.

Фақат рӯйдодҳои фараҳбахштарини панҷсолаи охирро ёдовар шудан кофист, то бароямон аён бигардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рух намудааст ва ин ҷаҳиши бузург чӣ имкониятҳои пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо боз мекунад!

Мамлакати мо бо роҳи интихобнамуда ва бо шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намудааст.

Бузургтарин дастоварди даврони Истиқлол ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ самараи он мебошанд.

Ин дастоварди миллати тоҷикро, ки бо бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад.

Вобаста ба ин моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлол кори аз он ҳам душвортар аст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳонишвӣ мо мавқеи худро мушаххас ва муаяйн намуда, ба арзишҳои миллию маънавии хеш руй овардем.

Имрўз мо вақте дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол сухан мегуем, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо баръало эҳсос мешавад. Таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, ки ин масъалаҳо дар меҳвари Барномаҳои ҳизби мо, ки роҳбари он Пешвои муаззами миллат мебошанд, қарор дорад.

Бешак ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани Истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

Аз ин хотир, дар чунин шароит моро лозим аст, ки бо эҳсоси ватандустона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳамеша баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлоли Ватан андеша намоем.

Таърих собит намудааст, ки давлате, ки шаҳрвандонаш зарфияти лозимаи сиёсӣ ва масъулияти шаҳрванди надоранд, дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари зуҳури хатарҳои рӯзафзун ва падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ тобовар буда наметавонанд.

Итминон дорам, ки таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлол бори дигар миллати тоҷик ва соири мардумони Точикистонро зери ливои миллат бо ҳам меорад ва дустиву иттиҳод, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ, ки кори дастҷамъонаи мост бори дигар таҳкиму тақвият хоҳад ёфт. Самараи ин балан гардидани сатҳи зиндагӣ ва рушду пешравиҳо нав ба нави дигар хоҳад буд.

Файзуллозода Заррина Файзулло,

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе