ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

2022-09-02

Истиқлоли давлатие, ки бо талошу ҷонфидоиои миллати тоҷик ва пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дар таърихи натанҳо халқи тоҷик, балки таърихи инсоният падидаи нодир, бесобиқа ва фавқулода арзёбӣ мегардад. Он мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бо дигар арзишу афзалиятҳои миллӣ муаррифӣ намуда, мужда аз ояндаи нек дод. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишварҳои зиёди минтақа ва ҷаҳон бо Тоҷикистони ҷавони навтаъсис равобити сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба роҳ монда, дар симои Пешвои муаззами миллат дӯсти боэътимод ва дипломати сатҳи баландро дарёфтанд.

Инак, зарфи зиёда аз 31 сол аст, ки мо бо сиёсати ҷаҳони имрӯза ҳампову ҳамрайъ буда, мавқеи устувори хешро соҳибем. Чунин пойдорӣ аз устувории андешаву тафаккури миллии мо оғоз меёбад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври мусбат такмил ёфт. Шояд мафҳуми тафаккури миллӣ барои хонандаи муҳтарам ошно набошад. Тафаккури миллӣ, ба андешаи инҷониб, шакли умумишуда ва суфташудаи андешаи созандаи халқу давлат мебошад, ки зери шиори ягона шакл мегирад ва мақсади муайянеро ҷиҳати рушди давлат дар пай дорад. Он метавонад дар худ арзишҳои миллиро фаро гирифта, чиҳати боз ҳам бештару хубтар муаррифӣ намудани онҳо имконият фароҳам орад. Ба таври дигар, тафаккури миллӣ дараҷаи баланди зоҳиршавии орзуву ормонҳои миллат буда, ҳадафи сарҷамъ намудани он ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардумро дорад.

Агар аз даричаи даврони соҳибистиқлолӣ ба умқи начандон дури таърих назар афканем, маълум мегардад, ки мо дар муддати 100 соли охир зери таъсири сиёсати давр аз муҳимтарин унсурҳое, ки ягонагии тафаккури миллиро таъмин менамояд, ба таври фоҷиавӣ ҷудо будем ва солиёни зиёд натавонистем аз мавҷудияти онҳо садо баланд кунем. Чунин унсурҳои тафаккурсоз, пеш аз ҳама, таъриху тамаддун, забон, фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ буданд, ки замоне аз мадди назар дур шуданд. Бо вуҷуди ин, он оҳиста-оҳиста шакл гирифта, солҳои 80-90-уми асри гузашта ба авҷи ташаккули худ даст ёфт. Инро мо дар садо баланд кардани зиёиёни кишвар ҷиҳати Истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои мардумӣ дар пайи норозигиҳо аз ҳукумати вақт ва дигар омилҳои ёрирасон мушоҳида карда метавонем.

Омилҳои болозикр маҳаки асосии ташаккули тафаккури миллиро дар ҳамон шабу рӯз ташкил медоданд, ки минбаъд ба арзи ҳастӣ намудани давлатдории навини тоҷикон сабаб гардиданд. Яъне унсурҳои ёрирасон дар мавриди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз дар даҳсолаҳои охири садаи бистум шакл гирифта буданд. Истиқлоли давлатиро метавон нуқтаи ниҳоии зуҳури омилҳои мазкур ва тантанаи адолати иҷтимоиву ташаккули тафаккури миллӣ ҳисобид. Аз ҳамон рӯз то инҷониб тафаккури миллии мо дар сурати ягона ва созандаву некбинона такмил ёфта истодааст, ки тасдиқи он амалҳои зиёди бунёдкоронаи давлату миллат мебошад.

Имрӯз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон рамзи гӯёи тафаккури миллати тоҷик аст, ки дар худ танҳо ва танҳо беҳтарин арзишҳои мардуми моро инъикос менамояд. Ба таври дигар, мо ҳамон миллатем, ки дар тӯли таърихи дароз аз дигар қавму миллатҳо фақат ҷабр дидаву мукофоти амали онҳоро ба тавассути муносибати хайрхоҳона ва ҳамзистии неки ҳамсоягӣ қадр намудаем. Мо ҳеҷ гоҳ ба сарзамини ҳамсоягон чашми тамаъ наандохта, то тавонистаем ба рушду такомули арзишҳои миллии онҳо мусоидат намудаем. Пас, чӣ гуна метавон миллати дорои чунин тафаккури созандаро имрӯз нодида гирифт ва бо ӯ аз зӯри яроқ сухан гуфт. Қудрати мо дар андешаи созандаи мост, ки қодир аст ҳама монеаҳоро бартараф созад.

Таърихи ташаккули тафаккури миллии мо садсолаҳоро дарбар мегирад ва решаҳои он ба қаъри таърих, аниқтараш ба замони салтанати муваффақонаи сулолаҳои тоҷик рафта мерасад. Мутаассифона, баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён, ки дар ҷаҳон назир надошт, халқи тоҷик миёни даргириву кашмакашиҳои қавмҳои бегона монда, натавонист муддати мадиде худро ҳамчун миллати дорои тафаккури ягона нишон диҳад. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосе, ки хавфи аз миён рафтани миллат сари мӯе қарор дошт, ягона арзиши фарҳангие, ки халқи тоҷикро аз вартаи нобудӣ ба таври абадӣ раҳоӣ бахшид, забон буд. Забоне, ки дар ҳама сангарҳои гарони таърихӣ зери таҳқир қарор гирифтаву бо ҳашамати хеш тавонист беҳтарин осори илмиву адабии фарзандони содиқи миллатро ба ояндагон ба мерос гузорад.

Имрӯз забони тоҷикии мо ҳамон забони нобу шево ва гӯшнавозест, ки бо он Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва Донишу Айнӣ васфи зебоиҳои ватан намудаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки забонро ҳамчун унсури муҳимми ташаккулдиҳандаи тафаккури миллӣ унвон дод ва нисбат ба он беш аз ҳарвақта арҷу эҳтиром гузошт:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Дар идомаи мантиқии гуфтаҳои боло ҳар қавму миллате, ки таъриху фарҳанги зиёда аз ҳазорсолаи мардуми тоҷикро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода, эътироф намекунад, барҳақ, ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Дар баробари забон таъриху фарҳанги тоҷикӣ, ки зарфи садсолаҳо ба таври аёну пинҳон аз худ дарак медоданд, тавонистанд мавҷудияти миллати тоҷик ва минбаъд ташаккули тафаккури миллии онро таъмин созанд. Маҳз таърихи бой ва фарҳанги ғаниву фарогирандаи беҳтарин ҷашну маросимҳои миллӣ буданд, ки имрӯз мо бо ифтихор аз онҳо ёдоварӣ менамоем ва баҳри ташвиқу тарғиби онҳо аз ҳама имкониятҳо истифода менамоем. Арзишҳои мазкур низ дар баробари дигар унсурҳо омилҳои такмилдиҳандаи тафаккари миллӣ маҳсуб меёбанд.

Ба таври умум, метавон гуфт, ки имрӯз тафаккури миллии мардуми тоҷик дар ҳоли ташаккулёбист ва умед аст, ки бо чунин ҷараён ва зери сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат дар ояндаи наздик ба авҷи инкишофи таърихии худ хоҳад расид. Инро мо дар сарҷамъиву якдилии миллат, суботи сартосарӣ, рушди устувори иқтисодӣ, вусъати ҳамкориҳои дуҷониба бо дигар кишварҳо ва дигар омилҳои ёрирасон мушоҳида карда метавонем. Он рӯз дур нест, ки тоҷикон дар партави ягонагии тафаккур бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои бесобиқаеро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидан ва рушди ватани азизамон ба иҷро хоҳанд расонд. Зеро ба қавли Муҳаммад Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Данғара №36