Таҳкими Истиқлол рисолати шаҳрвандӣ

2022-08-31

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳоест, ки дар натиҷаи талошҳои ҳазорсола ба миллати куҳанбунёди мо насиб гаштааст. Он рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият, танҳо бо роҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида муяссар мегардад.

Ин гуна хушбахтиро Худованд на ба ҳар кас сазовор медонад. Мо соҳибистиқлолем, соҳибдавлатем ва дар сарзамини биҳиштосо кору зиндагӣ мекунем. Магар аз ин дида бахти бузурге ҳаст? Истиқлолият ба ҳамаи соҳаҳо имкониятҳои зиёдеро фароҳам овард. Мо ин ҳама беҳбудиву шароитҳои хуби кори таълиму тарбияро меваҳои замони истиқлол медонем. Истиқлолият буд, ки мо ба чунин рӯзҳои хуб расидем.

Мо аз он шукргузорӣ мекунем, ки зери партави сиёсати хирадмандона ва раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди ҳар як соҳа ва ҳар шаҳрванд шароити мусоид фароҳам овардааст, кору фаъолият дорем.

Истиқлолият ин неъматест, ки имрӯзҳо мо ҳар лаҳза ба забон мегирему ифтихор аз Ватану ватандорамон мекунем.

Таҷлили ин сана на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандӣ, балки натиҷагирии кору пайкори сокинони кишвар, дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мегардад. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ва воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ сазми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияти оромии кишвар ва эҳёи дурахшону арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Агар ба саҳифаи таърихи ҷавони Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Роҳбари давлат бо такя ба мардум ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ҳамагон даст бо дасти ҳам дода, онро таҳким бахшем.

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу суббот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтанд.

Ҳар як фарди бонангу номуси Ватан бояд кўшиш намояд, ки ба қадри имкон дар ободониву созандагии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли худ саҳме гузорад. Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдор устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки Ватани маҳбубамонро ба як гушаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем.

Бобоёрова Ситора Ашуралиевна

мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор