ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ МО ҶАВОНОН

2022-08-31

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормонҳои чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати Тоҷикистон аст. Истиқлолият василаи шинохти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон аст.

Зеро бо истиқлолиятро ба даст овардан, Тоҷикистон имрӯз ҳудуди худро дорад ва ҷомеаи ҷањонӣ Тоҷикистонро ба унвони як субъекти мустақил эътироф намудааст, инчунин мустақилона дар бораи дигар давлатҳо дар ҳама тасмимгириҳо садо баланд мекунад.

Бар ивази ҷаҳду талошҳои мунтазами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони моро мебояд бо шинохти масъулият ва вазифаҳои дар назди хеш гузошташуда кӯшиш намоянд, то сазовор ба таҳсину офарин бошанд, ба омӯзиши илмҳои ҳозиразамон ва дарку азхудкунии технологияи инноватсионии муосир ҳамқадам бо ҳамсолони хориҷии худ гарданд.

Як нуктаро зикр намудан лозим аст, ки имрӯз ва дар оянда бояд ҷавонони мо, ки «гаҳвораҷунбони тақдири миллат ва давлат» ҳастанд, ҳушёрӣ ва зиракии худро аз даст надиҳанд, хислату характери худро мутобиқ ба замон гардонанд, марзу буми хешро ҳифз намоянд, аз аҷдодони хеш фахр намоянд.

Вазъи кунунии ҷомеа барои таҳким бахшидани давлатдории миллии худ аз ҳар як шахси худшиносу ватанпарвар тақозо менамояд, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи миллати тоҷик, яъне ободиву шукуфоии Ватани соҳибистиқлол ва пешрафти самтҳои гуногуни соҳаҳои мавҷудбуда саҳми арзанда дошта бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриву бо аҳли зиёиён доир ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муқаддасоти кишвар, ифтихор аз марзу бум, ҳифзи Ватани азиз ва эҳтирому ифтихор аз тоҷикистонӣ будан ҳарф зада, роҳҳои беҳдоштро пешниҳод менамоянд.

Бинобар ин, бояд ҳар соҳибватан, ҳар як ҷавони баору номус, ватандӯсту инсонпарвар дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд, ба қадри Ватани азиз, ба қадри оромиву осудагӣ расида, Истиқлолияту Ваҳдати миллиро таҳким бахшад ва дар баробари ин, миллати тоҷик насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Мардонагиву қаҳрамонии Пешвои миллат, Президенти ҷавонпарвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфт, тамоми қувваи худро баҳри сулҳу субот, оромиву осудагии мардум, бахусус наврасону ҷавонон сарф намуд ва ба дастболо шудан ба муқобили нафарони аҳриманшакл муваффақ ҳам гардид.

Аз садои тиру тӯп, оташу нооромӣ наҳаросид, ҷони ҳазорҳо нафарро харид, ба Ватан ҳазорҳо мардумро баргардонд, сарпаноҳ дод, оромиву осудагӣ, сулҳу тинҷиро дар кишвари ҷангзада барқарор сохт, ки ҳамаи ин ба осонӣ ба даст наомад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавони бонангу номус бо бардошти сабақи таърихӣ аз ҳодисаҳои гузашта бояд шукронаи оромии сарзамини куҳанбунёдро ба ҷо оварда, неъмати бебаҳо Истийлолиятро қадр намоянд, барои пешрафт ва гулгулшукуфоии ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.

Тавре мебинем, ҷавонони имрӯз ҳамкадами замони Истиқлол мебошанд. Онҳо аз ҷавонони асри гузашта бо дастрасии иттилооти васеъ, рушди бемайлони техникаву технология фарқ доранд.

Чунки онҳо дар ҷаҳони муосир, ки табаддулоти хосаро тақозо дорад, паи фаъолият ҳастанд, бинобар ин, онҳоро мебояд аз насли калонсоли имрӯза худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи бои миллати худро омӯзанд.

Ҳамагон медонанд, ки 31-соли Истиқлол ба ҷавонони тоҷик озодии комил бахшид ва тавассути он ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, то бо таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд.

Маҳз хизматҳои Президенти мардумӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷавонон рӯ ба худшиносӣ оварданд, худро чун соҳибватану соҳибмулк шинохтанд.

Самараи Истиқлол аст, ки ҷавонони тоҷик имрӯз мустақилона самти фаъолияти худро дар зиндагӣ интихоб мекунанд, дар рушду пешрафти кишвари азиз саҳм мегузоранд. Метавон гуфт, ки ҷавонон неруи бузурганд, ки метавонанд дар дифоъ аз арзишҳои миллӣ саҳми беандозаи худро гузоранд.

Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи Ватан омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат, оромиву осоиш расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагӣ, кору пайкори худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ҳам ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Дар баробари ин, бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш, ба сӯи ободиву пирӯзиҳои нав баранд.

Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”

дар шаҳри Душанбе