ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ИМРӮЗ, КАФОЛАТИ ФАРДОИ ДУРАХШОН!

2022-08-31

Мулоқоти навбатии номзадон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №15, аз ноҳияи Шоҳмансур бо интихобкунандагон дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №16 баргузор гардид.

Дар вохӯрии навбатӣ Мирзозода Иброҳим Холмурод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонова Ширин раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,Самадзода Саъдӣ ва Тоибов Умед номзадон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №15 ҳамзамон шахсони боэътимод онҳо иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагон бо барномаи пешазинтихоботии номзадон, ки дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ асос ёфтааст, шинос шуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.