ИСТИҚЛОЛ ЗИНДАГИИ ОСУДАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

2022-08-31

Мо ҳамеша шукрона мекунем, ки зери осмони софу беғубор, пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ соҳибистиқлолии ин диёри ободу зебо - Тоҷикистони азиз, зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияту зиндагӣ дорем.

Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон файзу баракати оромию осудагӣ, аз сиёсати хирадмандонаю ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин рӯзҳои нек насибамон гардидааст.

Қабули як силсила қарору қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаву Стратегияҳо, ба тасвиб расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии кишвар, ҷудо гардидани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташкили меҳнати дастии занону духтарон, идомаи таҳсили садҳо нафар духтарону ҷавонон тибқи квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзхои давлату Ҳукумат дар донишкадаҳои олии кишвару берун аз марзи он, соҳиб касбу соҳиб маърифат гардидани онхо, аз дастовардҳои сохибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар зарфи 31 сол мебошад.

Ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо аз баракати сиёсати хирадмандонаву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат башорат медиҳанд.

Дар ҷавоб ба ин боварию ҳадафҳои олии бунёдкоронаву созандаи давлату Ҳукумити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои ҳамешагии Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ҳамаи қишри ҷомеа мебошад, ҳар яки мову шуморо зарур қарзи инсонии хешро аз дилу ҷон, то ҳастему метавонем, иҷро намоем.

Тамоми ақлу ирода ва нерӯи хешро ба меҳнати софдилона, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, наврасону ҷавонон, баҳри баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ободии диёр, саҳми арзанда дар пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, гиромӣ донистани Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз равона созем.

Мадина ФАТҲУЛЛОЕВА,

мудири бахши занон ва ҷавонони  

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод