ҶАЛАСАИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" ДАР КИИ "ДОНИШ"

2022-08-30

Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷаласаи нахустини ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар КИИ "Дониш" - и ДМТ ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Сипас, роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар КИИ "Дониш" Раҷабзода Хайём Раҷаб аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан"-ро ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бунёд гардида, ташаккул ёфт, рушд намуд ва бо пешниҳодҳои ҳалталаби глобалӣ дорои мавқеи намоён дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Чунин раванд бевосита бо дарназардошти устувории сиёсати ҳуқуқӣ, таъмину татбиқи самараноки он, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ба вуҷуд омадааст.

Инчунин, аъзои фаъоли ташкилот Умед Муродзода, Оятулло Юсупов, Неъматулло Амонзода, Муҳаммад Қосимӣ, Авазхон Нурализода, Тимур Муҳиддинов, Раҷабалӣ Исмоилов, Фаридуни Сафаралӣ ва Муҳаммад Ибрагимов баромад намуда, вобаста ба дастовардҳои гуногуни даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.