ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР РАШТ

2022-08-30

Бо мақсади иҷрои барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12-уми августи соли 2022 ҷиҳати сазовор таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – 31-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоҳои ибтидоии ҳизбии «Ҳоит», «Ясманд», «Аскалон» ва «Навдӣ»-и ноҳияи Рашт чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Р. Н., раиси КИ ҲХДТ ноҳияи Рашт Идизода З.Ф., вакилзанон ва фаъолону собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ноҳия ва кишоварзони фаъол боздид намуданд.

Дар анҷом ҷиҳати тарбияи ватандӯстона ва дар замири фарзандон бедор намудани ҳифзи ҳимояи марзу бум ва худшиносии миллӣ ба 4 нафар модарони сарбозоне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастанд, туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи КИ ҲХДТ ноҳияи Рашт дар назди муҷҷасамаи «Модари Ҳоит» барномаи рангини консертӣ ва фарҳангии "Истиқлоли Ватан" ташкил ва баргузор гардид. Дар он суҳбату озоду самимии роҳбарияти ноҳия ва масъулини ҳизбӣ бо духтарон аз деҳоти дурдасти куҳистони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ҳоит» ва «Ясманд» сурат гирифта, ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил гарид.