БА ИСТИҚБОЛИ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ХУШБАХТИИ МО ҶАВОНОН МЕБОШАД.

2022-08-30

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус мо ҷавонони кишвар арзиши хеле баланд дошта, асоси хушбахтӣ ва саодати мардум ва омили муҳимтарини бақои давлату миллат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллӣ мебошад.

Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардид. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дустиву якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мо-тоҷикон беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон ба шумор меравад. Танҳо бо доштани соҳибистиқлолӣ муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои соҳибистиқлолӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар гардида, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Имсол мо 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатиамонро таҷлил менамоем.

Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ хеле бузург аст. Ҳар як ҷавони тоҷик ин падидаи нодири давронро чун муқаддасоти муҳими миллати тоҷик ҳифз менамояд. Албата, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва ягонагии халқ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ қадам мезанад. Миллати сарбаланди мо хуб дар ёддорад, ки дар оғози соҳои 90-уми қарни гузашта Тоқикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардида, давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи низоъҳои даҳшатноки дохилӣ гирифта шуд. Мардум таҳти парчами ваҳдату ягонагӣ ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд. Имрӯз ваҳдат кафили сарҷамъиву хушбахтии халқ, пояи сулҳу субот, рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ мебошад.

Мо ҷавонони кишвар ҳамеша, баҳри пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем. Намехоҳем фазои Тоҷикистони азиз олуда гардад. Баҳри ободии ватани азизамон ҳамеша талош меварзем. Зеро ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад.

Мудири шуъбаи ҷавонони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Ҳукуматов Далерҷон Зайнидинович