ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИРО ГИРОМӢ ДОРЕМ

2022-08-30

Истиқлол барои мо-мардуми хушбахт имкониятҳои воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти кишвари маҳбубамонро муайян намоем. Аз ин лиҳоз, ин неъмати муқаддас барои миллати тоҷик рамзи олии ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдорӣ, хештаншиносӣ, дӯстиву рафоқат, азму талошҳои фидокорона барои расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро омўзонда, зина ба зина ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Воқеан ҳам, Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, ҳуҷҷати байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон мебошад.

Мо миллати хушбахтем, ки дорои ин неъмати бузург ҳастем, зеро халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки даҳсолаҳои боз барои Истиқлоли давлатии худ талош меварзанд, садҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо муввафақ намегарданд.

Солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Оғози Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро муборизаҳои сиёсӣ фаро гирифтанд, ки он дар натиҷа ба ҷанги дохилӣ мубаддал гардид. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва тақдири ояндаи миллату давлат муайян шуд.

Маҳз ин Иҷлосия ба худ номи тақдирсоз гирифт ва ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошт.

Қобили зикр аст, ки занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба мақом ва мартабаи зан-модар ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ҷумла дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар кишварамон 20 санади муҳими давлатӣ қабул гардид, ки соли 2014 бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро узви Комиссияи доимоамалкунанда оид ба мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид интихоб кард.

Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1998 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки сабаби беҳтар гардидани мақому манзалати зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки мартаба ва эҳтироми занон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми шоён ба худ касб кард. Баргирифта ба ҳурмату иззате, ки гузаштаи хирадманд ва донишофари тоҷик ба зан-модар доштанд, дар замони соҳибистиқлолӣ мартаба ва мақоми занон ба таври назаррас боло рафт ва онҳо дар радифи мардон аз ҳеҷ кори давлатию ҷамъиятӣ дур намонданд. Балки занон пайваста ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар вазифаҳои мухталиф ҷалб гардида, барои рушди бештари соҳоти мухталифи кишвар аз дониш ва қувваи созандаи онҳо кор гирифта шуд.

Дар умум, мо бояд ифтихор ва шукргузор аз он бошем, ки тӯли 31 сол аст дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Шукргузор аз он бошем, ки соҳиби давлати ободу осуда ҳастем ва таҳти раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба зиндагии шоиста марҳила ба марҳила қадамҳои устувор мебардорем.

Аз ин лиҳоз, чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ иброз доштаанд, ки: “Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем”.

Мавзуна Раҳматуллозода,

мудири шуъбаи кор бо занони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ