ИСТИҚЛОЛ - ОРЗУЮ ОРМОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

2022-08-29

Имсол мо, миллати тоҷик ва тоҷикистониён 31 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Истиқлол ба мо озодӣ, давлатӣ миллӣ, идиологияи миллӣ ва дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон рамзҳои миллии худро аз ҷумла, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, харитаи сиёсӣ, Пули миллӣ ва Конститутсияи худро дод.

Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар охирҳои асри 20-ум ба даст омад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзизтӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон сию як сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат давлати тоҷикон миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр пешравӣ ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати дўрандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дошта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу суботи кишвари азизамон беназир аст. Аз ҷумла, бунёди давлати миллӣ, робитаҳои дипломатӣ бо мамолики дуру наздик, инфросохтори низоми миллӣ ва ғайра.

Комёбиҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат ҷойдошта, ба онҳо муваффақ гардид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббусу ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати комил расидем. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба мардуми тамаддунофари мо имкон дод, ки дар муддати кўтоҳ ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад, ки ин беназиртарин дастоварди миллати тоҷик дар марҳилаи нави давлатдорӣ мебошад.

Бинобар ин, мардуми мо бояд он рӯзҳои сангину нангинро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозад ва ба насли ҷавон фаҳмонанд, ки ба қадри ин неъмати бузург бирасанд ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик ба осони наомадааст! Чун таърих гувоҳ аст, хоинони миллати тоҷик нагузоштанд, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли дигар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, истиқлолро хуб ба даст орем. Ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванд аз зиндагӣ маҳрум ва ба иқтисодиёт зиёда аз 10 миллиард долллари амрикоӣ (ба ҳисоби солҳои 1991-1997) зарар расонидааст. То ба ҳол мо - он захмҳои ҷанги таҳмилиро дар бадани давлати миллиамон табобат карда истодаем.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар дунё зиёда аз 7151 забон мавҷуд аст, ки 8 миллиард аҳолии ҷаҳон дар 234 давлат бо онҳо сўҳбат мекунанд. Дар баробари 7151 забон, забони тоҷикӣ низ мавҷуд буда, бо ҳамин ном давлати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Мутобиқи маълумоти дар боло зикр аз 7151 забон ё миллат 234 яъне 3,3 фоизаш соҳиби давлат мебошанд. Яъне 6917 (96,7%) забон ё миллат то ба ҳол соҳиби давлати миллӣ нестанд!

Аз ҳама муҳим, имрўз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Дар шароити кунунӣ мо бояд манфиати миллию ватанхоҳонаи худро афзал дониста, барои шукуфоии ин ватану давлат, ки чунин шароити муносиб ва озоди эътиқодиамонро фароҳам овардааст, амал намоем.

Имруз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.

Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Точикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 31-солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва хамзиштии осоишта мекушад.

Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,

Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон – номи ман, парварда шираш коми ман,

Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Имрўз вазифаи ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пойдориву устувории Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиклол иборат мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ ва зиндагии осоишта расем ва ғояи ваҳдатофаринию сулҳу суботро ҳифз ва тараннум созем.

Самараи неки истиқдол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ, сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тадбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзем, то барои рушди иқтисод ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон мусоид фароҳам оварем.

Салим Сайвализода – мудири бахши омор

ва махзани ягонаи электронии

аъзои ҲХДТ-и Дастгоҳи КИМ ҲХДТ