ИСТИҚЛОЛ БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛИСТ

2022-08-29

Тӯли ҳазорсолаҳо миллати тоҷик талош дошт, ки истиқлоли давлатии хешро аз нав барқарор созад. Дар ин мубориза ҳазорон фарзандони баруманди миллат ҷони хешро баҳри озодӣ ва осудаҳолии тоҷик дареғ надоштанд ва чунонки таърихшиносон қайд кардаанд, мубориза баҳри истиқлол омили асосие маҳсуб мешуд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии аҷдодамон нақши боризе гузоштааст. Аммо расман эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ахири садаи гузашта мутааллиқ буда, ин дастовард дар натиҷаи парокандашавии собиқ давлати абарқудрат бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ амалан татбиқ мешавад. Вале баробар бо ин руйдоди таърихӣ дар кишвар мухолифин ба нидои аҷнабӣ тазоҳурот барпо карда, хостанд инқилоби исломиро аз хориҷ ба дохил интиқол диҳанд ва барои татбиқ сохтани инчунин ҳадафҳои зиддимиллӣ омода буданд алайҳи Ҳукумат зӯровариро истифода кунанд. Аз ҳамин хотир, дере нагузашт ва ҷанги таҳмилӣ ба вуқуъ пайваст, ки он муддати панҷ сол идома ёфта, ба иқтисодиёти мамлакат зиёни ҷиддӣ расонид.

Кишвар дар вазъи басе харобовар қарор дошт, касе итминон надошт, ки неруҳои барқарорсози низоми сиёсӣ оқибат ғолиб меоянд. Аммо нақшаҳои бисёр гузашткунанда ва тадбирҳои оқилонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар сарзамини тоҷикон ваҳдат ва истиқрори сулҳ тантана намояд. Шояд бархе аз ҳамватанон ин ҷо вокуниш нишон дода, ин ақидаро дунбол гирад, ки тоҷикон бо дахолати кишварҳои бегона сулҳ карданд ва амсоли инҳо, аммо мо мегӯем, ки нахустин гомҳои дар сиёсат гузоштаи Пешвои мущтарами миллатамон ҳанӯз дарак аз он медоданд, ки ӯ воқеан барои роҳандозӣ кардани ҳамгироии мо, тоҷикон муваззаф мебошад. Иқдоми нахустини ин абармард, ки гоҳ-гоҳе мавриди ситоишу накуҳиши гурӯҳҳои бархурдкунанда то кунун қарор мегирад, бозоварии фирориёне буд, ки дар марзи кишварҳои ҳамсоя сахт азият мекашиданд. Аммо он солҳо дар дохили мамлакат бештари неруҳо, бавижа силоҳбадастон мухолифи ин иқдоми Президент буданд ва бо ҳар навъе таъсири манфӣ мегузоштанд ва аҳолиро алайҳи Президент ба шӯр меоварданд. Лекин Пешвои муҳтарами миллат аз ин иқдоми миллатдӯстонааш даст накишида, дар муҳити басе хатарзои он замон илова бар ин боз сафари Афғонистон намуд ва бо роҳбарони мухолифин вохӯрда, масъалаи бозгашти фирориёнро баррасӣ кард. Ҳатто аз ин амал дуртар рафта, барои хатми ҷанги таҳмилӣ бо мухолифини худ созиш кард ва имкон фароҳам овард, ки онҳо дар қудрат ворид гардида, баҳри нашъунамои давлат дар ҳамоҳангӣ фаъолият кунанд. Вале мухолифин аз ҷониби кишварҳои дуру наздик сӯиистифода мешуданд ва ин омил рӯз аз рӯз хатари ҷиддиро барои давлату миллат эҷод мекард. Гузашта аз ин, бархе аз мансабдорони аз тариқи созишнома (30%) ба мансаб омада дар ҳоли қудратталабӣ қарор дошта, бечунучаро аз хориҷи кишвар бо маблағу силоҳ таъмин мешуданд. Бинобар ин, ба истиқлоли Меҳан хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва имкон дошт, ки Тоҷикистони азизи мо аз харитаи сиёсии ҷаҳони муосир бардошта шавад. Боз Пешвои муҳтарами миллат тасмим гирифт, ки дар сурати таслим шудани хиёнаткорон ба онҳо осеб расонида намешавад. Вале ин тоифаи зархарид кайҳо маблағ гирифтаву аз роҳи таъиншуда барнамегаштанд ва чунин бархурдҳо то соли 2015 давом пазируфт.

Даврони Истиқлолият барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар ин маврид Президенти муҳтарами мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ барҳақ тазаккур дода буд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Халқе ки ҳазорсолаҳо азият кашид ва азобу уқубати беқудратиро чашидааст, барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт аллакай омода буд ва хеле хуб мефаҳмид, ки рисолати ӯ дар ҷаҳони муосир пеш аз ҳама созандагиву сулҳофаринӣ маҳсуб мешавад.

Бунёдкориву созандагӣ дар ҳама самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Бо ибтикори Пешвои муҳтарами миллат мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем ва Шимолу Ҷануб бо ҳам иртибот пайдо карданд.

Истиқлоли комил дар истеҳсол ва фурӯши неруи барқро идома дода, ба сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ оғоз намудем, амнияти озуқавориро сол то сол такмил медиҳем, аммо нақши созандаро дар ҳаёт ва сарнавишти тоҷикон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оин ва анъанаҳо боқӣ гузошт, ки соли 2007 таҳия гардида, соли 2017 такмил ёфтааст.

Ҷомеаи Тоҷикистон айни замон дар ҳоли рушду тараққӣ қарор дошта, бузургтарин неъмати сиёсии худро такмил медиҳад ва дар садади ин аст, ки бо истифода аз захираҳои обии мамлакат ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил ёбад. Инро ҳадафи чаҳорум, яъне саноатикунони босуръат таъмин хоҳад кард.

Дар дунё кам нестанд миллатҳое, ки шабу рӯз орзу мекунанд, ки мустақил бошанд ва ҳеҷ давлати дигаре дар умури кишвардории онҳо дахолат наварзад. Аз ҳамин хотир, нақшаҳо эҷод менамоянд ва баҳри татбиқи онҳо ҳазорон нафари дигар дар ин роҳ ҷоннисорӣ мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам аз истиқлол маҳруманд.

Мо, тоҷикон мустақилем ва боистӣ қадри ин неъмати бебаҳоро дарк намуда, барои такмил доданаш ҳамаи чораҳои заруриро биандешем то дар оянда низ насли дигари тоҷик бо истиқлоли Меҳани худ ифтихор намояд.

Ширин Қурбонова,

раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур