САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

2022-08-19

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустинашон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI аз он сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Дар таърихи халқи тоҷик арбармардоне буданд, ки барои дар таърих боқӣ мондани миллати тоҷик саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, чунин нақшро амир Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин саҳми шоистаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидаанд. Аз рўзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша кўшиш намуда истодааст, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати бофарҳангу тамаддунофар муҳайё созанд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки миллатро аз парешони наҷот диҳанд. Расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд.

Бо кӯшиш ва талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат Тоҷикистони тозаистиқлол аз буҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфта, баҳри рушду камоли иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зеҳнии ҳар як шаҳрванди кишвар заминаи устувор фароҳам овард.

Ҳамзамон дар ин фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯ ба пешравӣ ниҳодааст, онҳо бо шукргузорӣ аз суботи мавҷудаи кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.

Заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебояд бечунучаро қадр карда, дастуру супоришҳои ин шахсияти сарнавиштсози миллатро машъали дурахшони пешравии худ донем.

Хирадмандию ҷасурӣ, ростқавлию бовиҷдонӣ, дастгирию мададгории ниёзмандон будани Пешвои миллат аст, ки хурду калони Тоҷикистон ин марди ҷасури миллатро барои хеш идеал ҳисобида, аз мактаби сулҳофариву ватандӯстии ӯ баҳрабардорӣ мекунанд.

Имрӯз ҷойи ифтихор аст, ки бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон