Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон

2022-08-19

Бахшида ба иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаву канори мамлакат ҳамоишҳои бошукӯҳи идона доир гардиданд.

18 август бахшида ба ин санаҳои муҳимму фархунда дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, Раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон табрику муборакбод гуфт ва дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Гуфта шуд, ки воқеан ҳам касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Номбурда бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат қайд намуд, ки маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат давоми солҳои охир тавонистанд бо ҷорӣ намудани як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Дар идомаи суханронӣ Ҷамолиддин Абдуллозода тазаккур дод, ки имсол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муборизаи босамар бар зидди бемории COVID-19 бо Ифтихорномаи вижаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ гардид ва ин дастоварди тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мебошад.

Сипас, Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, афзуданд, ки ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Таъкид гардид, ки самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз бахшҳои вижа ва афзалиятдоштаи барномаҳои ҳизбӣ маҳсуб меёбад.

Дар давраи мубориза бо пандемияи COVID-19 ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар қаламрави кишвар ба соҳаи тандурустӣ кӯмаки амалӣ расониданд.

Ҳизб зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар назар дошта, васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи кормандони соҳаи тибро муҳим медонад.

Ҳамин тариқ, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода - сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сумангул Тағойзода - Раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат як қатор кормандони хизматнишондода бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзинманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Пас аз супоридани мукофотҳо барномаи рангини консертӣ бо иштироки доираи васеъи ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ доир гардид.