Рашт: фаъолияти хоҷагии ёрирасон ибратбахт аст
2022-08-18
Занбӯрпарварӣ дар
Тоҷикистон яке аз бахшҳои камхарҷ ва сердаромад ба ҳисоб меравад, зеро 93 фоизи
масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил дода, захираҳои мавҷудаи растаниҳои шаҳддиҳанда
имконият медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал зиёд карда шавад.
Бо дастгириҳои
Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии Барномаи давлатии рушди
соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бахши сердаромади соҳаи
аграрии кишвар дар кишвар рӯ ба рушд ниҳода, афзоиши тадриҷии оилаҳои занбӯри
асал ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба қайд гирифта мешавад.
Бо мақсади иҷрои
дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони назди
кумитаҳои иҷроия як силсила корҳои назаррас анҷом шудаанд. Аз ҷумла, КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Рашт парвариши 30 оила занбӯри асалро ба роҳ мондааст, ки 20 оилаи
он аз вилояти Суғд оварда шуда, ба шароити маҳаллӣ мутобиқ мегарданд.
Фаъолияти мазкур дар
доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» сурат гирифта,
қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал дар қитъаҳои замини мавриди истифодаашон бо
риояи меъёр ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри
асал ҷойгир шудаанд. Талаботи ҳифзи муҳити зист, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои
кӯчонидани занбӯри асал пурра иҷро мегардад. Қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри
асал аз вайронкунӣ ҳифз шуда, заҳролудшавии онҳо аз пеститсид ва дигар маводи
кимиёвӣ пешгирӣ мегардад. Дар ин замина масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт
талоши пайгирона намуда, интизор доранд, аз ин оилаҳо ҳосили дилхоҳ ва даромади
иловагӣ ба даст ояд.
Табиат ва боду ҳавои
ноҳияи Рашт бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш барои парвариш ва зиёд намудани
оилаҳои занбӯри асал бисёр созгор аст. Занбӯрпарварони ноҳия кӯшиш ба харҷ
медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи
маҳсулоти табобатии аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, дар ғанӣ
гардидани буҷа, таъсиси ҷойҳои кории мавсимӣ ва муаррифии асали тозаи ватанӣ
саҳмгузор бошанд.