АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ…
2022-08-17
Дар доираи амалӣ
намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз
дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни касбӣ - “Рӯзи кормандони
соҳаи тиб” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Убайдулло
Қурбонзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷамолиддин
Абдуллозода – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” ва аъзои фаъоли
ташкилот иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода
дар сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, аз ширкаташон изҳори
миннатдорӣ намуд. Убайдулло Қурбонзода нахуст кормандони соҳаи тандурустиро ба
муносибати иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз
самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии мамлакат ва барномаҳои Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давраи соҳибистиқлолӣ бомаром рушд
намуд. Тайи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар
намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии
соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким бахшида шуд.
Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии
кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемияи коронавирус наҳаросида, онро мисли
дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро
оғоз намуданд.
Сипас, Ҷамолиддин
Абдуллозода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷисму ҷон”, вазири тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириву таваҷҷуҳи Пешвои
миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки вазорат дар амалӣ намудани яке
аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки барномаҳои ҳизб ва боз ҳам беҳтар намудани
дастрасӣ ба сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рушди
шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи
тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасӣ ба ҳамаи гуруҳҳои
аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона мешавад.
Дар идома раиси КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода табрикномаи Раёсати Кумитаи
иҷроияро бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим
намуд.
Дар анҷом ба як қатор
табибони фаъол барои хизматҳои арзанда дар ҳифзи солимии ҷомеа Ифтихорнома ва
Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.