ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ
2022-08-17
Нақши Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти
Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас ва бесобиқа аст. Пешвои миллат Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон буда, кафили сулҳу ваҳдат, сарбаландиву ифтихори
аҳли заҳмат гардидаанд. Фаъолият, зиндагӣ ва ташаббусу талошҳои ин сиёсатмадори
варзида Ватанамонро ба ҷодаи тараққиёт баровард.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ҳамеша барои таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу субот, пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум зери роҳбарии
Раиси муаззами худ талошу фаъолият менамояд.
Дар тӯли фаъолияти худ
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.
чанде пеш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ
баргузор гардида, пешравию камбудиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз
конференсияҳои баргузоргардида маълум шуд, ки дар 2,5 соли фаъолият қариб дар
тамоми шаҳру ноҳияҳо пешравиҳо назаррасанд.
Бояд қайд намоем, ки
дар давраи сипаригардида қариб тамоми кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳиби бинои маъмурии худ гардиданд
ва ин ҳама аз ташаббус ва дастгириҳои Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Имрӯз ҳизби мо ба
қувваи бузурги сиёсӣ табдил ёфтааст ва ҳамчун ташкилоти сиёсӣ ба камол расида,
ҷомеаи муосири Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон ҳидоятгар аст.
Мо - кормандони КИ
ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои тақвияти фаъолияти ҲХДТ корҳои мушаххасро сомон
дода, ҷаҳд бар он дорем, ки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини вилоятро баланд
бардорем ва барои боз ҳам боло бурдани нуфузи ҲХДТ дар пайравӣ аз сиёсти
хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат саҳми хешро гузорем.
Сайёра ҲУСЕЙНОВА,
мудири
шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон