ТАВАҶҶУҲ! ЭЪЛОН!
2022-08-17
Бо мақсади мукаммал
намудани ҳайати кадрии сохторҳои ҲХДТ аз ҳисоби мутахассисони донишманду
варзида ва баландсавия дар асоси талаботи Низомнома дар бораи кор бо захираи
кадрҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ
ташкили Махзани ягонаи захираи кадрҳоро дар назар дорад.
Махзани ягонаи захираи
кадрҳо дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои омӯзиш ва
пешбарӣ ба мансабҳои гуногуни ҳизбӣ ва дигар мақомотҳо ташкил мегардад.
Аз хоҳишмандон дархост
мешавад, ки тибқи талаботи Оиннома ҳуҷҷатҳои заруриро ба шуъбаи ташкилӣ ва кор
бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ пешниҳод намоянд:
• нусхаи шаҳодатномаи
ҳизбӣ;
• варақаи шахсӣ (бо
дасти худ пуршуда) бо 2 дона расми рангаи 4х6;
• тарҷумаи ҳол;
• нусхаи шиноснома;
• нусхаи ҳуҷҷатҳо
(диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
• хислатнома аз ҷойи
кори охирин (таҳсилот)
• нусхаи гувоҳномаи
рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
• маълумотномаи тиббӣ
(шакли 038 УЕ);
• нусхаи дафтарчаи
меҳнатӣ;
• нусхаи билети ҳарбӣ.
Талаботи тахассусӣ -
донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони
тоҷикӣ. Собиқаи корӣ аз рӯйи тахассус (касбият) на камтар аз се сол. Ба
донандагони забонҳои хориҷӣ ва дорои қобилияти ташкилотчигӣ афзалият дода
мешавад.
Суроға:
734025, Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғ. Валаматзода, 6
Телефон барои тамос:
+992 37 221 63 21
E-mail: hhdt1994@mail.ru, zoirhhdt@mail.ru