Конференсияи XIX ҲХДТ дар ноҳияи Рашт

2022-08-09

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Конференсияи XIX Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, вакилон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Конференсияи XIX ҲХДТ дар ноҳияи Рашт бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, кори онро раиси Кумитаи иҷроия Раҳматҷон Маҳмадов ифтитоҳ намуд.

Рӯзномаи конференсия бо ҷонибдории якдилонаи вакилон тасдиқ гардид.

Дар Конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва пешбарии номзадҳо ба вакили Конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Маҳмадов Р. Ҳисобот дод. Дар ҳисобот дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.

Дар музокира Носиров М., вакил аз ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг», Аҳмадзода М., вакил аз ташкилоти ибтидоии «Навобод», Давлатова Д., раиси шӯрои занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Исмоили Сомонӣ, Шаидов Р., вакил аз ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқ» баромад намуда, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Раштро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баъдан, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, пешравию камбудиҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, қабули сифатнок ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзо, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар мавриди муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологӣ, пешгирӣ ва содиршавии ҷиноят дар байни занону ҷавонон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро бо мисолҳои мушаххас ҷалб намуд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муқимӣ Р. Н. иброз намуд, ки барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо ва баланд бардоштани обрувӯ нуфузи ҳизб дар ҷомеа ҳамагӣ бояд саъю кӯшиши бештар ва талошҳои пайгиронаю созандаро ба роҳ монем.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи сиёсӣ масъулияти ҳайати нави кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ бояд дучанд гардида, масъулини ҳизбии навинтихобшуда барои афзун намудани сафи ҳизб, ҷалби бештари электорат ва таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, дастовардҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва амалисозии барномаи ҲХДТ сафарбар гарданд.

Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р. Н. ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ баҳои баланд дода, фаъолиятро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ конференсия ба кори худ хотима бахшид.

Баъд аз анҷоми конференсия, нахустин маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.

Маҷлис аз ду масъала иборат буд – интихоби Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

Тибқи талаботи банди 4.13 Оинномаи ҳизб, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Рашт иборат аз 7 нафар интихоб гардид.

Инчунин, дар маҷлис масъалаҳои кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти фаъолияти назаррас ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳия, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, мунтазам тақвият бахшидани донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат доштан ба арзишҳои ватандӯстӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ бо овоздиҳии якдилонаи вакилон Идизода Заррина Фузайлшо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт интихоб гардид.

Ҳамин тариқ, Илҳомҷон Ҳамидиён ба собиқ Раиси Кумитаи иҷроия Раҳматҷон Маҳмадов барои фаъолияти бисёрсолаи бенуқсон, намунавӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз номи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки дониш, маҳорат ва таҷрибаи номбурда минбаъд низ дар фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт истифода мегардад.

Дар охир чанд нафар узви фаъоли ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба 7 нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим шуд.