Омодагиҳои сокинон ба зимистонгузаронӣ
2022-08-08
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла Роҳбарияти олии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати захира намудани маводи хӯрока барои 2 соли оянда, кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳияи Қубодиён дар ҳамоҳангии фаъолону собиқадорон ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия корҳои оммафаҳмониро бо усули хона ба хона ба роҳ монда, дар байни сокинон суҳбату вохӯриҳои сарироҳиро анҷом дода истодаанд.
Дар натиҷаи вусъат
гирифтани ҷанги сард байни абарқудратҳо ва нуфузталабии онҳо дар ҳар гӯшаи
сайёра боиси сар задани даргириҳо дар минтақаву ҷаҳон гардида, вазъи дохилии
давлатҳои алоҳидаро мураккабу печидатар гардонида истодааст. Аз ин рӯ Ҷумҳурии
Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи байналмилалӣ аз чунин шакл гирифтани
ҳолати ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф буда наметавонад.
Таъсири манфии бозиҳои ифлоси паси пардагии бозингарони сиёсӣ хоҳ нохоҳ ба ҳаёти амну осуда ва иқтисодии ҳар як сокини сайёра таконе бахшида, моро ба он
водор месозад,ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат доиман дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.
Моро
лозим аст, ки бо истифодаи самараноки обу замин,
баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти
кишоварзӣ, махсусан, дар заминҳои обӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу
зимистони солҳои 2022-2023 эътибори аввалиндараҷа диҳем ва захираи ҳадди ақал 2 солаи маводи ғизоиро дар оила баҳри зиндагии босаодат дар оянда таъмин карда
тавонем...