Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти захираи маводи ғизоӣ

2022-08-08

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” барои захираи дусолаи маводи хӯрока ва омода намудани ҳамагуна консерваҳо дар ҷамоати 50-Солагии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Сумбула вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки тибқи маълумоти коршиносон соли 2022 чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чӣ ҷиҳати иҷтимоӣ барои ҳамаи ҷаҳониён соли вазнин пешбинӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентии худ самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва оилаи худ саҳмгузор бошем.

Бояд зикр намуд, ки заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷотро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд.

Таҷрибаи деҳқонони асили ноҳия дар истифодаи замин, муҳиммияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат боиси таҳсин аст. Сокинони ноҳия фаровонии маҳсулотро самараи меҳнати содиқона дар самти истифодаи мақсадноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ маънидод намуданд.