Иҷлосияи тақдирсоз

2022-08-08

Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик басо бузург аст. Чунки маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буд, ки халқу миллати моро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод. Бинобар ин ҳамагон, ин иҷлосияро боифтихор ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик ном мебаранд.

Бо шарофати баргузории ин иҷлосияи сарнавиштсоз мардуми Тоҷикистон ба оянда умед бастанд.

Муҳимтарин ҷанбаи сиёсиву таърихии ин иҷлосия дар он аст, ки фарзанди бошарафу барӯманди миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии кишварро дар чунин давраи басо мушкилу ҳассос ба ӯҳда гирифт.

Нахустин суханон он буд, ки ман ба Шумо сулҳ меоварам. То нафаси охиринам ба халқу ватанам хизмат мекунам, дар ин роҳ агар ҷонам дар хатар бошад, онро дареғ нахоҳам кард. То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро ором ҳис нахоҳам кард. Ҷонашро ба каф гирифту ба сангарҳо рафта, бо мухолифин гуфтушунид намуд. Мегуфт, "Таърих моро намебахшад, агар ба ҳам наоем". Панҷ сол гуфтушунидҳо тӯл кашид ва охиран 27 июни соли 1997 тавонист роҳбарияти мухолифинро розӣ кунонад, ки ба Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон имзо гузоранд.

Сулҳу амонӣ барқарор шуд, муҳоҷирини иҷборӣ ба Ватан баргаштанд ва роҳбари давлат даст ба ободкориву созандагӣ зад.

Таҳти сарварии Пешвои миллат дар мамлакат корҳои созандагӣ идома ёфта, корхонаҳо, нерӯгоҳҳо, роҳҳо бунёд ёфтанд. Давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нести ба рушди ҳамаҷониба расида тавонист.

Сад шукур, ки сулҳ ба Тоҷикистон омад,

Шодию сурур ба ҷойи афғон омад.

Шукрона кунем аз он, ки ин сулҳу суббот,

Бо амри Худову саъйи Раҳмон омад.

Бо ҳисси сарфарозӣ ва ифтихормандӣ бояд бигӯем, ки марҳилаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ оғоз ёфта, ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, пойдории сулҳу суббот ва таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолӣ ҳамагӣ аз самараи баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ба шумор меравад.

Шӯъбаи таблиғотӣ-иттилотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон