Нашри китоби “Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

2022-08-05

Маҷмӯаи мазкур иборат аз 467 саҳифа дар заминаи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Президент кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” омода гардидааст, ки он бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2021 дар “Қасри Арбоб” доир шуд.

Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳар як чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла конференсия, пеш аз ҳама, таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими соҳаҳои ҳаёти кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза марҳилаи рушд қадам гузошта истодааст, ки дар ин раванд омӯхтану дарки дурусти солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бо мақсади бардоштани сабақи таърихӣ ва истифодаи он барои боло бардоштани руҳияи мардум ба корҳои созандагӣ ва рушди ҷомеа бисёр муҳим ба назар мерасад. Зеро, маҳз дарки дурусти иштибоҳҳои сиёсии давраи гузашта метавонад иттиҳоди моро қавитар ва якмарому муттаҳид созад.

Китоби конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти “Ношир” рӯйи чоп омад. Дар китоб мақолаҳои олимону ходимони давлатии ҷумҳурӣ атрофи мавзуъҳои гуногун, ба монанди саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, саҳми занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқло дар зери сиёсати дурандешона ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар гирдоварӣ шудааст.

Муҳаққиқон андешаи хешро атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатӣ, ки барои суботи сиёсӣ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ. Рушди сиёсати дохиливу берунаи кишвар муҳим ба ҳисоб мераванд, баён доштаанд.

Асари мазкур барои муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу тадқиқи масъалаҳои равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон машғул мебошанд, метавонад ҳамчун маводи хуби илмӣ-таҳлилӣ хизмат менамояд.