Истифодаи самараноки замин омили беҳдошти зиндагист!

2022-08-05

Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва парранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.

Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, таъминот бо техникаи кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва хусусан барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзии мамлакат, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва дар ин замина беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”.

Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед. Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад. Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад.

Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила мо бояд сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода барем ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳтар менамоем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода барем.

Барои беҳдошти зисти худ ва пайвандон сокинони кишвар метавонанд ба киштукор ҷиддӣ машғул гашта, дар таъмини бозори истеъмолӣ ва хонадони хеш бо маводи хӯрока саҳм гузоранд. Зеро меҳнат шараф аст, самараи он албатта, ҳосилбардорӣ карда мешавад ва таъмини озуқавории ҳар хонавода беҳтар мегардад.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи

Ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи

Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон