Самаранок истифода бурдани замин ба мо вобаста аст
2022-08-05
Тибқи дастуру супоришҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 18.06.2022 дар ҷамоати деҳоти
«Лолазор»-и ноҳияи Данғара ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираҳои хӯрокаи
дусола дар ҳар як оила дода буданд, дар ҳар як ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи
Дӯстӣ гуруҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия
бо пешбурди усули «Хона ба хона» ташкил шуд.
Дар вақти гузаронидани ҷаласаву вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ гирифтани ду-се ҳосил барои захираи маводи ғизоӣ маълум гардид, ки дар ҷамоатҳои деҳоти «Навзамин», «Гардӣ Гулмуродов», «Нури Вахш», «Деҳқонобод», ҷамоатҳои «Шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷиликӯл» ин масъала хуб ба роҳ
монда шудааст. Роҳбарон ва кормандоне,
ки аз ҳисоби ташкилоту муассиҳои ба гурӯҳҳои корӣ ҷалб карда шуда буданд, имрӯзҳо
барои бе талаф ҷамъоварӣ ва захираи маҳсулот ба сокинони ноҳия дастуру маслиҳатҳои
муфид дода истодаанд.
Кишоварзони
ноҳияи Дӯстӣ самараи меҳнати худро ҷамъоварӣ намуда, барои тирамоҳу зимистони
солҳои 2022 – 2023 маҳсулоти ниёзи худро иловатан захира карда истодаанд.
Аъзои
гуруҳҳои корӣ ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” ҳамзамон ба занони
хонашин дар бораи захираи дусолаи маводи хӯрок ва тарзи омода намудани ҳамагуна
консерваҳо аз заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Дӯстӣ
корҳои фаҳмондадиҳи бурда истодаанд.
Масъулин
дар вохӯриҳо бари дигар ҳар яки оилаҳоро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда, самаранок
истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, рақобатпазир будани маҳсулоти кишоварзӣ дар
бозорҳо, таъмини оила бо маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳои судманд дода, баҳри ба роҳ
мондани кишти такрорӣ суҳбат гузаронида истодаанд.
Хулоса,
тамоми масъулини гурӯҳҳо, шаҳрвандон ва кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ азм доранд, дастуру
супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро сарбаландона иҷро намоянд.
Ибодуллозода
А.,
муовини
якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ