Ташкилоти ибтидоии “Идораи замини Ҳисор” таъсис ёфт
2022-08-04
Дар Кумитаи идораи
замини шаҳри Ҳисор бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Хоҷазода Алишер, Раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Нахуст дар Кумитаи
идораи замини шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Идораи замини Ҳисор” гузошта шуд.
Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Хоҷазода Алишер, Раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Ғафуров Раҳмиддин Файзуллоевич-муовини раиси ташкилоти
ибтидоӣ “Идораи замини Ҳисор” интихоб гардиданд.
Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Идораи замини Ҳисор” Изатуллои Ҳабибзод оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи бавуҷудомадаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизби ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Дар анҷоми маҷлис Хоҷазода Алишер иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад намуд.
Барнома
ва ғояҳои ин ниҳоди сиёсӣ барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ,
созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона
гардидааст. Аз замони оғози фаъолияти худ ҳизб ҷиҳати татбиқи ҳадафҳову
принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ дар муҳиту
фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати шоистаро ба субут расонида меояд.