Сокинони ноҳияи Восеъ ба захираи ғалладонагиҳо машғуланд
2022-08-04
Имрӯзҳо сокинони
ноҳияи Восеъ ба ҷамъовари зироатҳои галладонагӣ ва кишти такрорӣ машғуланд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бештар захираи маҳсулот ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани
маҳсулоти ҷамъвардашуда, кишти такрорӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз замин ба
сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Зимни вохӯриҳо бо
усули “Хона ба хона” масъулини
ҳизбӣ аз захираи ғалладонагиҳои сокинони ҷамоати деҳоти Тугарак дидан намуданд
ва маълум гардид, ки кишоварзони ҷамоати мазкур дар асоси супоришу ҳидоятҳои
Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидани ҳосили фаровон ҷаҳду
талош доранд ва онҳо мутмаинанд, ки бо дастранҷашон баҳри пур кардани
дастархони мардуми диёр саҳми муносиб мегузоранд.
Қайд
намудан бамаврид аст, ки асоси муваффақияти
кишоварзони хоҷагӣ аз ҷорӣ
намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо
истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими
парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агратехникаи
кишту парвариши зироат пешбинишуда маншаъ мегирад.