Баргашт ба Ватан –неъматест бебаҳо
2022-08-03
Бояд гуфт, ки ин
иқдоми навбатии наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси
муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал
набуда, ин шахсияти бузург ва мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ Ватану миллаташонро
чун фарзанд аз умқи дил дуст медоранд ва муҳаббати беандоза доранд. Баҳри
беҳбудии некуаҳволии халқу миллат ва ободии Ватани азизи худ аз дилу ҷон
мекушанд. Ва ҳар як иқдоми инсонпарваронаи ин абармарди миллат ҳамеша дастгири
бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки
халқ дусташ медоранд ва ҳамчун Пешвои миллати тоҷик интихоб намуданд.
Пешвои миллат аёдати
шахсони яккаю танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону
бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд.
Имрузҳо дар кишвари мо
бо дастгирии падаронаи Сарвари кишвар садҳо мактаб- интернатҳо таъсис дода
шуда, барои нигоҳубин ва дар шароити мусоиду ҷавобгӯ ба талаботҳои замони
муосир тарбия ёфтани наврасон фаъолият доранд.
Агар мо оқилона ба
таърихи соҳибистиқлолӣ назар афканем масъалаи ғамхорӣ ба шаҳрвандон, аз ҷумла
кӯдакону бапарасторон ва эҳтиёҷмандон, ҳануз аз замони ба сари қудрат омадани
Президенти мамлакат шурӯъ мешавад.
«То даме, ки як тоҷик
гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона
месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам». Ин иқтибосест аз суханони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки барои миллати
тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз, дар солҳое, ки садҳо, ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо
дар натиҷаи нооромию даргириҳои кишвар ба хоки Афғонистон фирор намуда буданд.
Амалҳои башардустонаи Пешвои миллат бори дигар нишон медиҳад, ки Сарвари
давлати мо дар фикри сулҳу суботи кишвар ва ба ҳам овардани ҳамватанон ва
пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.
Бузургҳимматӣ ва
бузургдилии Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон боз як бори дигар дар миёни халқи
тоҷик ва ҷаҳониён намоён гардид, ки ин бо баргардонидани занону кудакон аз
кишвари ҷангзадаи Сурия буд.
Маврид ба зикр аст, ки
25 июли соли равон дар асоси супориши қатъии Пешвои ғамхори миллати тоҷик,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони миллати тоҷик, ки 42 зан ва 104
кӯдакон буданд, ба Ватани аҷдодии худ баргардонида шуданд. Ин гувоҳӣ аз он
медиҳад, ки Сарвари миллат дар ҳама ҳолат пуштибону ғамхори дилхоҳи ҳамватанони
хеш мебошанд. Бояд ёдоварӣ кард, ки падару модари ин кӯдакон зери таъсири
ташвиқу таблиғи душманону бадхоҳон қарор гирифта, ба он минтақаҳо рафта буданд.
Ин аст, ки бо ҳидояту
дастурҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳамаи он нафароне, ки ба Ватан оварда шуданд,
зери назорати ҷиддии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки барои
ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо табибон ва равоншиносони қавӣ вазифадор
карда шудаанд, ва пайваста корбарӣ менамоянд. Барояшон беҳтарин шароит фароҳам
оварда шудааст, ба гушаҳои зебои диёр сафарҳо анҷом медиҳанд, то ки ба ин
восита даҳшату ҷангу хунрезиҳои дидаашон аз хотир фаромӯш сохта аз зебогиҳои
табиати нотакрори ватани ҷоноҷони худ ва аҷдодӣ баҳра баранд ва дар оянда ин
кӯдакону наврасон ғамхории падаронаи Сарвари кишвари худ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро фаромӯш накунанд ва як шаҳрванди фаъол ва садоқатманди Тоҷикистони
азизи худ бошанд.
Маҳмасаид Муротов,
Мудири шуъбаи таблиғот
иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода