Ҳифзи фарҳанг ва урфу одати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

2022-08-03

Фарҳанг ҳастии миллат аст. Маҳз аз рӯйи фарҳанг ва урфу одати миллӣ миллатро мешиносанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шинохти миллӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, эҳё ва рушду такомули таъриху фарҳанг ва урфуодати миллати тоҷик пайваста кӯшиш менамояд. Корҳои ба ин мақсад дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонидаи Пешвои миллат боиси таҳсин ва ифтихори ҳар яки мост.

Бояд гуфт, ки дар сурати аз даст додани фарҳанг ва урфу одат миллат ҳам рӯ ба нестӣ мениҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, ғанӣ гардонидани он дар шароити тараққиёти босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ, ки боиси аз байн рафтани фарҳанг ва урфу одати хоси миллатҳо шуданаш мумкин аст, барои сокинони кишварамон вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Надонистани таъриху фарҳанг, худшиносу худогоҳ набудан, тақлиди кӯркӯрона ба фарҳанг ва урфу одати бегона сабаби асосии аз байн рафтани фарҳанги миллӣ шуда метавонад.  Тамошои филмҳо, аз ҷумла туркӣ, арабӣ ва дигар, ки ба фарҳанги либоспӯшӣ, ҳусни забон ва одати мо бегонаанд, метавонад фарҳанг латма ворид намоянд.

Агар мо бихоҳем миллати мо дар бархурди тамаддунҳо ва фарҳангҳо умри дароз бубинад, фарҳанги миллати мо пой бар ҷо бимонад, моро зарур аст, ки ба фарҳангу урфу одати дигар миллату халқиятҳо пайравӣ накарда, забон ва тамоми урфу одати миллии худро содиқона ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

Қудратулло Мӯнисов,

вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг