Ифротгароӣ хоси ислом нест

2022-08-03

Ифрогароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Хусусан, дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи муосир фаъолияти гуруҳҳои экстремистӣ пурқувват гашта, баҳри тарғибу ташвиқи ҳадафҳои нопоки хеш аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Фаъолшавии ин тоифаи силоҳбадаст дар манотиқи гуногуни олам диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Аслан амалкарди ҳамаи ин гуруҳҳо: чӣ террористӣ ва чӣ экстремистӣ тақрибан якхела аст, чун ҳадафи ҳамаашон тахрибкорӣ, тарконидану тарсонидан, даҳшат афкандан, фитна андохтан ва ғайра мебошад. Онҳо бо истифода аз ин усулҳои нороҳаткунанда номи поки Исломро доғдор карда, онро ҳамчун дини ҷангу оташ муаррифӣ кардан мехоҳанд. Мутаассифона, ин омил вақтҳои охир тавассути расонаҳои ахбор тарғибу ташвиқ мешавад.

Бисёр нигаронкунанда аст, ки кулли ин гуруҳу созмонҳои ифротӣ ба мисли “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон” ё “Давлати ба ном Ироқу Шом” ҳама бо номи дини мубини Ислом бозиҳои сиёсии худро алоқаманд ва муаррифӣ менамоянд, вале амалкардашон исботи он аст, ки ҳатто бӯи Ислом ба машоми онҳо нарасидааст. Пас метавон гуфт, ки ифротгароӣ вабоест, ки барои бадномкунӣ ва сиёҳсозии Ислом.

Ба фикру ақидаи баъзе аз коршиносону таҳлилгарон ва бо такя аз таҷрибаву мушоҳидаҳо хулосабарорӣ намуда, гуфтан ҷоиз аст, ки шомил шудани ҷавонон ба ин ҷараёнҳоро чор сабаб печидааст:

- Ҷаҳлу бесаводӣ;

- Пасравии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;

- Идеологияи нодуруст;

- Шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ман ҳамчун аҳли уламои дин, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ифротгароиро ба се омил рабт медиҳам:

- Муҳайё кардани шароит барои омӯхтани улуми исломӣ ва фаҳми дурусти он;

- Беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум;

- Пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи ифротгароӣ.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Моро лозим меояд, ки ба рух додани чунин ҳодисоти нанговар иҷозат надода, пеши роҳи онро гирем. Барои ин зарур аст, ки ба ҳиллаву найранги ифротиён дода нашавем ва дар дину диёнати худ собитқадам бошем. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин маврид барҳақ фармудааст:

Эй зи найранги фарангӣ бехабар,

Фитнаҳо дар остин дорад, нигар:

Аз фиреби ӯ агар хоҳӣ амон,

Уштуронашро зи ҳавзи худ бирон.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми бофарҳанги мо, ки дар фазои сулҳу субот ва оромӣ умр ба сар мебаранд, аллакай аз оқибати нороҳаткунандаи амалу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ бохабар ҳастанд, некро аз бад ва сафедро аз сиёҳ хуб фарқ мекунанд. Мо хуб медонем, ки ашхоси ифротӣ ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, куштор ва бадномӣ ягон кори хуберо ба манфиати ҷомеа анҷом надодааст ва нахоҳад дод.

Зоир Устоев, имоми масҷиди панҷвақтаи

ба номи “Умари Форуқ”-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон