Вохӯрии номзад бо интихобкунандагони шаҳраки 61-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид
2022-08-03
1 августи соли ҷорӣ
дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони шаҳраки
61-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат номзад аз Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Абдураҳим Шоҳиён баргузор гардид.
Нахуст, Қурбонзода
Маҳмадалӣ вобаста ба самтҳои Барномаи пешазинтихоботии хеш, ки аз Барномаи
пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025
маншаъ мегирад, ба
интихобкунандагон тазаккур дод.
Мавсуф қайд намуд, ки
вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус,
аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату
давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар, нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва рушди
иқтисодию иҷтимоии онро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Сипас,
Абдураҳим Шоҳиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба
самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Барномаи
пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бахши илм ва
маориф ҷиҳати мусоидат намудан ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани
бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра ҷорӣ намудани
таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин баланд
намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи
иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм мебошад.
Мавсуф
иброз дошт, ки ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он
хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб
шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва
бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ
осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ
пайдо мекунад.
Дар
идомаи вохӯрӣ А.Шоҳиён вобаста ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои
иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва
гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои
маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, равона гардидааст.
Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ
равона карда шудааст.
Инчунин,
қайд гардид, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки
аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба
таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои
соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум,
балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти
кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди
ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян
мекунад, иброз дошт Шоҳиён А.
Дар
охир таъкид гардид, ки санаи 14-уми август дар маъраки муҳимми сиёсӣ –
интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти
баланди шаҳрвандӣ иштирок намоянд.