Дар шаҳри Норак Конференсияи XVlll ҲХДТ баргузор гардид

2022-08-03

Дар толори НБО Нораки ба номи Турсун Улҷабоев Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.

Дар он роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, Директори НБО-и Норак баноми Турсун Улҷабоев Шоиддинов Фазлиддин ҳайати меҳмонон ва дигарон иштирок намуданд.

Дар конференсия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии сохторҳои шаҳрии ҳизб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022»; Интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак; Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак; Интихоби вакилон ба Конференсияи ХIV КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон; Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гулмуродзода Қумриниссо изҳор дошт, ки дар давоми фаъолияти ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар 79 ташкилотҳои ибтидоии шаҳр 782 чорабинӣ, аз қабили вохӯрию мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, семинар-машваратҳо, суҳбатҳои фардӣ, мусобиқаҳои варзишию зеҳнӣ ва ғайра бо фарогирии 39100 нафар доир карда шуданд.

Дар идомаи кори конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Норак аз тарафи Раиси комиссияи тафтишотӣ Азимов Шамшод шунида шуд.

Дар идомаи конференсия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз рӯи масъалаҳои интихоби вакилон ба Конференсияи ХIV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва ғайра доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода иброз дошт, ки ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

Дар анҷом аъзои фаъоли ҲХДТ барои саҳми арзанда гузоштанашон дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.