Дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи XXII доир гардид
2022-08-02
Бо иштироки раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода Конференсияи XXII ҲХДТ
дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Сароғоз ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба фаъолияти кумита дар давраи ҳисоботӣ
шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар давраи ҳисоботӣ як зумра корҳои
назаррасро сомон дода, дар тарғиби идеологияи миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ,
ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон,
худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, сафарбарии ҷавонон ба сафи
Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғибу ташвиқи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ
ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ, аксияҳои таблиғотӣ ва амсоли
ин нақши созгор гузоштааст.
Дар музокира фаъолони ҳизбӣ
Буриев Акбар, Воҳидова Нарзигул, Муминов Саидҷон, Иброҳимов Маҳмадалӣ, Давлатов
Қурбонхӯҷа иштирок намуда, ҳисоботро қаноатбахш арёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, вакилон
барои иштирок дар конференсияи вилоти Хатлон интихоб гардиданд.
Иштирокчиёни кори
конференсия ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ Тиллоев Тағоймуродро дар давраи ҳисоботӣ шунида бо қарори алоҳида
тасдиқ намуданд.
Ҳамаи масъалаҳои тасдиқгардидаи
конференсия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Сипас раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмони низ баромад намуда, зимни суханронии худ афзуданд,
ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар дар низоми давлатдоории миллӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, дастгирии
қишрҳои ниёзманд, дастгирии ятимону бепарасторон, таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ,
расидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарифи мамлакат саҳми муносиб дорад.
Баъдан таҳти раёсати Миралиён
Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон нахустмаҷлиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо баррасии ду масъала баргузор
гардид.
Доир ба масъалаи якум
аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ интихоб гардид.
Сипас зикр намуд, ки
дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ,
номзадии Қосимова Назокат Шуралиевна ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ пешбарӣ гардидааст.
Номзадии мавсуф барои
тасдиқ ба овоз гузошта шуда,
бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзади пешбаригардида,
тасдиқ гардид.
Дар охир дар лаҳзаи тантанавӣ
як қатор фаъолони ноҳиявии ҳизбӣ бо сипосномаҳои КИМ ва вилоятию ноҳиявии ҳизбӣ
қадрдонӣ гардиданд.