Супоришҳои Пешвои Миллат амалӣ мешаванд

2022-08-02

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Данғара ва мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон доир ба истифодаи босамари замин, кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Вобаста ба ин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳр бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар 14 ҷамоат ва деҳотҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, хона ба хона корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида шуд.

Бо фаъолон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ низ мулоқот гузаронида шуд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҷамоати деҳоти «Косатарош», «Сӯҷина», «Ёрӣ», «Амондара», «Лоиқ Шералӣ», «Ворӯ», «Рӯдакӣ», «Моғиён» бо аҳолии ҷамоатҳо доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои теророристиву экстремистӣ сӯҳбатҳо доир намуданд.

Баҳри пурра фарогир шудани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроия ба воситаи телевизион ва радиои маҳаллӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент муроҷиатнома пешниҳод карда шуд.

Дар ин бобат корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ идома дорад.