Ҳунар – беҳ аз симу зар

2022-08-02

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Соли рушди саноат» бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон «Маркази дӯзандагӣ» ифтитоҳ гардид.

Дар Марказ духтарон ва занони хонашин метавонанд ҳунарҳои дӯзандагиро аз худ намоянд. Мақсади кушодани марказ омӯзонидани касбу ҳунар барои духтарону бонувон мебошад.

Дар кушодашавии «Маркази дӯзандагӣ» муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно, намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иброз доштанд, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи зоҳир менамояд.

Духтарону бонувон аз ифтитоҳи марказ ва шароитҳои хуб изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти олии ҳизб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занону духтарон миннатдорӣ баён карданд.

Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида истодааст, ки ин нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқамон мебошад. Омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу баобрӯй мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст». Ҳунар ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ бахшида, шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хӯрданбоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ, зеро дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад.