Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид
2022-08-02
Дар толори Муассисаи
давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ
баргузор гардид.
Дар он Раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, ҳайати меҳмонон, роҳбари
дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, муовини Раиси шаҳри
Душанбе Дилбар Одилзода, Сардори саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин
Усмонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, узви Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии
Тоҷикистон Илҳом Амонзода, Директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ»-и
ба номи А.Фирдавсӣ Аламхон Қурбонзода, сармуҳаррири нашрияи «Халқ овозӣ»
Ёқубҷон Абдуманонзода ва дигарон иштирок намуданд.
Дар конференсия
масъалаҳои зерин: «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳявии ҳизб
аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти
минбаъда»; Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти
молиявии сохторҳои ноҳиявии ҳизб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли
2022»; Интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ; Интихоби аъзои Комиссияи
тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ; Интихоби вакилон ба Конференсияи
ҳисоботӣ–интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе; Дар бораи пешбарии номзад ба
вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои
интихоботии №5, 9 ва 31 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Абдураҳим Шоҳиён изҳор
дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 15 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода
шуда, дар ин давра 5724 нафар шаҳрвандон дар ноҳия ба сафи ҳизб қабул
гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби вакилони шаҳриву ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти
ибтидоӣ ба 2171 нафар шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Дар идомаи кори
конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣаз тарафи
Раиси комиссияи тафтишотӣ Абдурасул Сатторов шунида шуд.
Вакилони конференсия
ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 47 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро
иборат аз 3 нафар ва вакилон ба конференсияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо иборат
аз 85 нафар интихоб намуданд. Дар идома пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси
вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии №5, 9 ва
31 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идомаи конференсия
маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи масъалаҳои интихоби
аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе; Интихоби Раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри
Душанбе ва ғайра доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дилбар Одилзода иброз
дошт, ки «ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан
дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани
вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархурди
манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир
гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо
мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти
кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини
амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама
арзишҳо гузорад».
Дар анҷом ба
як гурӯҳ ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои
ҳизбӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон,
якчанд кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, ки дар амалигардонии
барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо туҳфа ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.