Озмуни вилоятии "Хазинадори беҳтарин"
2022-08-02
Тавре пештар иттилоъ
дода будем, дар асоси фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,
бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмунҳои "Хоҷагии беҳтарин", "Оилаи
кишоварзи сол" ва "Хазинадори беҳтарин" байни сокинон,
ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ эълон гардида буд. Озмуни мазкур дар ноҳияи Дӯстӣ низ
баргузор гардида, аз ду марҳила, ноҳиявӣ ва вилоятӣ иборат мебошад.
Дар номинатсияи
"Хазинадори беҳтарин" аз байни сокинон оилаи Маҳмадалиев Мирзобек аз
деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл интихоб гардид.
Оилаи мазкур замини
наздиҳавлигии худро, ки 15 садяк мебошад, хеле самаранок истифода бурда, аз як
қитъа замин се ҳосил мерӯёнанд.
Инчунин, дар як гӯшаи
замин боғи дарахтони гуногуни мевадиҳанда бунёд карда ва дар қисме аз он
гармхонаи лимӯпарварӣ ташкил кардааст.
Ҳангоми суҳбат,
сардори оила, Мирзобек бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,
Зоиров Саймухтор иброз дошт, ки пештар мо маҳсулоти зиёдатии кишоварзиро ба
бозор мебаровардем, аммо баъд аз муроҷиати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон оид ба захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол, акнун оилаи мо қисми
зиёдатии сабзавотро консерва, меваҷотро шарбат ва афшура, боқимондаашро хушк
карда захира мекунем. Аз ангур мавиз омода карда дар зимистон истифода мебарем.
Ҳамчунин, маҳсулоти
лӯбиёгӣ, мош ва картошкаро низ захира мекунем. Барои бо ширу ҷурғот таъмин
намудани оила 4-сар чорвои калон дар ҳавлӣ парвариш мекунанд. Ҳамзамон, оилаи
мазкур 3 қуттӣ оилаи замбури асалро нигоҳубин мекунанд, ки барои ниёзи оилаашон
басанда мебошад.
Оилаи Маҳмадалиевҳо
дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати Ҷиликӯл яке аз оилаҳои намунавӣ буда, дар ҳамаи
корҳои ҷаъиятию фарҳангии ҷамоат ва ноҳия фаъолона иштирок мекунанд. Касби
асосии онҳо наворбардорӣ буда, ҳамроҳи писаронаш Мирзобек дар тӯю маъракаҳои
мардум хизмат мерасонад.
Боиси қайд аст, ки
оилаи мазкур зебоипараст буда, дар назди ҳавлӣ гулҳои зиёди садбарг ва мехчагул
шинонидаанд, ки дар маросимҳои арӯсию домодии сокинони деҳа ба навхонадорон
ройгон тақдим мекунанд.
Оилаи Маҳмадалиевҳо иброз медоранд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил, таъмини амнияти озуқавориро пайваста дар амал татбиқ мекунанд.