Фаровонии ҳосил аз кишти такрорӣ вобастагӣ дорад
2022-08-01
Бо
мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба
самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо
иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаҳои
ҳудуди ноҳия мулоқотҳо доир карда
шуданд.
Масъулини
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз заминҳои корами кишоварзони дидан намуда, ба
истифодабарандагони заминҳо тавсия доданд, ки нигоҳубини зироатҳоро хуб ба роҳ
монда, ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Сокинон низ иброз доштанд, ки баъди
ҷамъоварии ҳосил, боз ба кишти такрории замин машғул шуда, ба ин васила
мехоҳанд зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намуда, бозорҳои дохилиро бо
маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Ҳамасола
дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати
самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ хоҷагидорон дар заминҳои дар
ихтиёрдоштаашон кишти такрорӣ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба
даст меоранд.
Бояд
зикр кард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини аҳолӣ бо
маҳсулоти арзону хушсифат ба шумор рафта,
кишоварзонро мебояд ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин
васила саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд.