Вахш: Конференсияи XVI ҲХДТ дар ноҳия доир гардид
2022-08-01
Дар маҷлисгоҳи
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш Конференсияи XVI Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода
Асрор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси
ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш
Маҳмадов Одилҷон баргузор гардид.
Дар Конференсия
вакилон, роҳбарони ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо, намояндагони ТҶҶ “Созандагони
Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Конференсияи XVI ҲХДТ
дар ноҳияи Вахшро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Маҳмадов Одилҷон кушода,
ҳозиринро бо рӯзномаи Конференсия шинос намуд.
Дар Конференсия
ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия
ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то
моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи
Вахш, пешбарии номзадҳо ба вакили Конференсияи XVI Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сипас, оид ба
масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш
Маҳмадов Одилҷон ҳисобот дод. Дар ҳисобот дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар
давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Вахш
Юсупов Қурбоналӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар як аъзои ҳизб бояд аз
вазифа ва ӯҳдадориҳои хеш ба таври васеъ огоҳ бошад ва дар ҳал намудани
мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Номбурда ба фаъолияти кумитаи иҷроия
баҳои баланд дода, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа
шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги
ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллӣ саъю талош менамояд.
Муовини Раиси ҲХДТ
Латифзода Асрор дар суханронии худ иброз
доштанд, ки ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ,
ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва
таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар,
инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳиби илму маърифат ва донишу
ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. Дар ин радиф ҳизб бо мақсади рушди
ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани нақши он дар байни аҳолии кишвар талош
меварзад.
Дар
идомаи Конференсия вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 35 нафар,
ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва 46 нафар вакилонро ба
Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб карданд.