Ҷайҳун: Конференсияи XХХ ҲХДТ дар ноҳия доир шуд

2022-08-01

Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Конференсияи XХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов Меъроҷиддин, ва Бахтдавлатзода Гулбаҳор, муовини раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар конференсия вакилон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Конференсияи ХХХ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳунро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи конференсия шинос намуд.

Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, пешбарии номзадҳо ба вакили Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, Сайфуллоев Раҳмиддин бо намояндагӣ аз комиссияи мандатӣ ба сухан баромада, оид ба анҷоми кори комиссия ахборот пешниҳод намуд.

Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ҳисобот дод. Дар ҳисобот дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.

Баъдан, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён зимни суҳбат зикр доштанд, ки ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд. Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи онҳо мусоидат мекунад.

Дар музокира Ғуломов Меъроҷиддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳунро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи Конференсия вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 21 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва 26 нафар вакилонро тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб карданд.

Баъд аз анҷоми Конференсия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардида, дар кори маҷлис Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳайати 7 нафар интихоб шуд.

Ҳамчунин, бо овоздиҳии якдилонаи вакилон Ҳасанзода Тағоймурод бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун интихоб гардид.

Дар охир чанд нафар узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сарфароз гардиданд.