Конференсияи XV КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид
2022-08-01
Дар кори Конференсияи
XV КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ
ҲХДТ Ширинбеков Садриддин, сармутахассиси Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи
КИМ ҲХДТ Шоев Абдулмаҷид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда,
Раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Хоруғ Имомназаров Соибчон, муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, ҳамзамон, 47 нафар вакил аз 62
ташкилоти ибтидоӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю
ташкилотҳо иштирок доштанд.
Тибқи рӯзнома, масъалаҳои ҳисоботи Раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ оид ба фаъолияти
ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022,
ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ
оид ба фаъолияти молиявии ҳизбӣ дар ноҳия, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, интихоби аъзои
Комиcсияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва интихоби
нави ҳайати Раёсат, аъзои КИМ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, пешбарии вакилон ба
Конференсияи VXIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ ироа гардиданд.
Нахуст Рахматшоев Ризо
бо намояндагӣ аз комиссияи мандатӣ ба сухан баромада, оид ба анҷоми кори
комиссия ахборот дод.
Сипас, оид ба масъалаи
якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон ҳисобот дод.
Дар ҳисобот дастовард
ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор
гирифтанд.
Дар музокирахо
Саидрахмонов Насим вакил аз ташкилоти ибтидоии “Нерубахш" Махтобшозода Райхонбегим собиқадори
ҳизб, баромад намуда, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғро қаноатбахш
арзёбӣ намуданд.
Баъдан мудири шуьбаи
таблиғот ва ташвиқоти
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков
Садриддин оид ба фаъолияти ҳизб дар шаҳр, пешравию камбудиҳо, иҷрои дастуру
супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ,
қабули сифатнок ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзо, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари
вақт супоридани ҳаққи узвият, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар мавриди
муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологӣ, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати
ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳи
ҳозиринро бо мисолҳои мушаххас ҷалб намуд.
Раиси шаҳри Хоруғ
Назарзода Ризо Шодӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар як аъзои ҳизб бояд аз
вазифа ва уҳдадориҳои хеш ба таври васеъ огоҳ бошад ва дар ҳал намудани
мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Номбурда ба фаъолияти кумитаи иҷроия
баҳои баланд дода, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конференсия
вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 21 нафар, ҳайати комиссияи
тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва 15 нафар вакилонро ба конференсияи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб карданд.
Баъд аз анҷоми
конференсия нахустин маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Хоруғ баргузор
гардид. Дар маҷлис Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ дар ҳайати 7
нафар интихоб шуд.
Ҳамчунин, бо
назардошти фаъолияти назаррас ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, татбиқи ҳадафҳои
оинномавӣ ва барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, мунтазам
тақвият бахшидани донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва
садоқат доштан ба арзишҳои ватандӯстӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи
хештаншиносӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ, бо овоздиҳии якдилонаи
вакилон, Имомназаров Соибҷон
бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ интихоб гардид.
Дар охир чанд нафар
узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии фаъол бо Сипосномаи Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардиданд.