Конференсияи ХХIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
2022-07-29
Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25.05.2022, №12 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оид ба баргузории конфренсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Конференсияи ХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар толори калони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон барпо гардид.
Кори конференсия бо
садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар кори Конференсия
раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори генералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» Азимӣ Мирзоато вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.
Дар Конференсия
масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
1.Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.
2.Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022
3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон.
5. Интихоби
сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Садоқат».
6. Интихоби вакилон ба
конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки дар
давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ 5000 нафар афзун гашта, қабули аъзо ба сафи ҳизб аз ҳисоби занон, мардон ва ҷавонон нисбат ба ноябри соли 2019 100% афзоиш ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 36 адад ба 45 адад расонида шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳр дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.
Дар музокира вакил аз
ташкилоти ибтидоии "Маърифат" Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифпарвар” Муҳаммадиева Фирӯза ва собиқадори ҳизбиву давлатӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Машъал” Баҳодуров Кароматуло баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрро дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат
арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар
руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда,
муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.
Дар
давраи ҳисоботӣ 5 конференсия, 17 маҷлиси КИ, 15 маҷлисҳои раёсат гузаронида
шуд.
Ҳозирин
маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Турсунзода Шӯҳратро
ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд.
Раиси
КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зикр дошт, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ
ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои
пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории
сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории
миллӣ саъю талош менамояд.
Раиси
шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ вакил аз ташкилоти ибтидоии "Истиқол" дар назди
ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва
дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон
ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.
Инчунин дар
Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 41 нафар ва раёсати он дар ҳайати 13 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 15 нафар
вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд. Дар Конференсия Атобуллоев Шаҳром Комилҷонович сармуҳаррири нашрияи “Садоқат” интихоб гардид.
Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Ҷалолзода Миршакар Саид ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии
пешбаригардида тасдиқ карда шуд.
Дар
интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, медалҳои ҷашнии КИ ҲХДТ
дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон супорида шуданд. Инчунин ба як гурӯҳ
ҷавонони фаъоле, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ
супорида шуд.