Конференсияи XIV ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

2022-07-29

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки Илҳомҷон Ҳамидиён - роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Рухсора Ғафурзода - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Убайдуллои Файзулло – аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар конференсия вакилон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Лола Сулаймонова кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи конференсия шинос намуд.

Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, пешбарии номзадҳо ба вакили Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, Зафар Алиев бо намояндагӣ аз комиссияи мандатӣ ба сухан баромада, оид ба анҷоми кори комиссия ахборот дод.

Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонова ҳисобот дод. Дар ҳисобот дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.

Дар музокира Шарифхон Қурбонов - роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ва Қурбонгул Раҳимова - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Н.Бегов” баромад намуда, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баъдан, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён оид ба фаъолияти ҳизб дар ноҳия, пешравию камбудиҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, қабули сифатнок ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзо, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар мавриди муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологӣ, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро бо мисолҳои мушаххас ҷалб намуд.

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар як аъзои ҳизб бояд аз вазифа ва уҳдадориҳои хеш ба таври васеъ огоҳ бошад ва дар ҳал намудани мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Номбурда ба фаъолияти кумитаи иҷроия баҳои баланд дода, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар идомаи конференсия вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 41 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 5 нафар ва 35 нафар вакилонро ба конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб карданд.

Баъд аз анҷоми конференсия нахустин маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳайати 11 нафар интихоб шуд.

Ҳамчунин, бо назардошти фаъолияти назаррас ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, мунтазам тақвият бахшидани донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат доштан ба арзишҳои ватандӯстӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъятӣ бо овоздиҳии якдилонаи вакилон Лола Сулаймонова бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интихоб гардид.

Дар охир чанд нафар узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии фаъол бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба ҷавонон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии ҳизб тақдим карда шуд.