Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нафақаи ҳизбӣ ба маъюби гуруҳи 1 дастрас гардид

2022-07-29

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандону муҳтоҷон назаррас буда, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби масъулини КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин қишри аҳолӣ мунтазам дасти кӯмак дароз гардида, ғамхории пайваста зоҳир мешавад.

Дар доираи баргузории Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Илҳомҷон Ҳамидиён - роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Рухсора Ғафурзода - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Лола Сулаймонова - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз нафақаи думоҳаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ ба Нилуфар Маматмуродова, маъюби гуруҳи 1 аз ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” расонида шуд.

Таҳия намудани барномаҳои махсуси беҳтар гардонидани имкониятҳои шуғл барои шахсони маъюб, гуруҳҳои дорои имконияташон маҳдуд ва амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон аз авлавиятҳои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маҳсуб мешавад.

Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки раҳму шафқат ба маъюбону ниёзмандон, шод кардани онҳо ва дастгирии камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик буда, дар меҳвари барномаҳои ҳизбӣ қарор доранд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҲХДТ барои ғамхорӣ ба ятимону ниёзмандон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҳамаи имкониятҳо дар оянда низ истифода мекунанд.

Аҳли хонаводаи Маматмуродовҳо аз ҳузури меҳмонон ва кӯмаки навбатии ҲХДТ шод шуда, дар симои онҳо ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.