Боздид аз хоҷагии ёрирасони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

2022-07-29

Дар ҳошияи баргузории Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз Илҳомҷон Ҳамидиён - роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Рухсора Ғафурзода - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Лола Сулаймонова - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маҳмасаид Абдулҳаев – раиси шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия аз хоҷагии ёрирасони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагии ёрирасони кумитаи иҷроияи ҳизб дар ҷамоати деҳоти “Маданият” ҷойгир буда, масоҳати умумии он 5 гектар мебошад. Зимни боздид маълум гардид, ки замини хоҷагии ёрирасон феълан дар ҳолати коркард қарор дошта, дар сурати обёрии зарурӣ гардидан имкон дорад ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.

Аз ҷониби масъулини КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон зарур шуморида шуд, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, гирифтани ҳосили зарурӣ ва ба гардиш ворид намудани ҳар ваҷаб замини бекорхобида тадбирҳои доимӣ андешида шаванд.