Гулистон: Конференсияи XXVIII КИ ҲХДТ бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ

2022-07-29

Дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар арафаи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

Дар рафти кори Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок доштанд.

Ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизб 120 нафар вакилон интихоб карда шуда, дар кори Конференсия 110 нафар вакилон, фаъолон, собиқадорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок карданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ба рўзномаи Конференсияи XXVIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1. Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022;

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби ҳайати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон;

4.Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон;

5. Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ҳисоботӣ муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ барои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон марҳилаи бобарору хотирмон ва амалигашти ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Зеро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави боҳашамату замонавӣ барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохта ва ба истифода додани бинои нав ҳавасмандии кормандонро ба фаъолияти пурмаҳсул дучанд намуда, кумитаи иҷроия фаъолияти худро дар асоси муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат бо дарназардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ҳадафу мақсадҳои Оинномавӣ, Барномаи ҳизб, Қарорҳои Анҷумани XIII ҲХДТ, суханронии Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ ба роҳ монд.

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, ҷашнвораҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” солгарди таъсисёбии ҲХДТ, ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Гулистон ва дигар падидаҳои муҳимми сиёсӣ ба раванди корҳои ҳизбӣ тақвияти тоза бахшиданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати болоравии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилию тарғиботӣ, қабули босифат ба сафи ҳизб, фаъолияти босамари вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Гулистон вусъати тоза бахшида, бо назардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир аъзои ҳизб ва ҷонибдорони онро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзу таҳкими соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат, бунёди ҷомеъаи воқеъан адолатпарвару демократӣ ва ободониву созандагӣ сафарбар кард.

Дар ин давра фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеъа густариш ёфт. Садоқати аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзуда, иқдомҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳо рӯйи кор омаданд.

Вакилон аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 15 нафар вакил интихоб карда шуд

Бо иштироки вакилони Конференсияи XXVIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон як зумра аъзои ҳизб аз ҷониби Латифзода Асрор Қурбонмуовини Раиси ҲХДТ, Раъно Ҳошимзода, Раиси шаҳри Гулистон ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб дар вазъи тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. 20 нафар ба сафи аъзои ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дохил гардида, ба онҳо шаҳодатномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Бо садо додани “Суруди миллӣ” кори Конференсия анҷом ёфт.